Иттиходия барои пешбурди муҳоҷирати байналмилалии меҳнатӣ 23 майи соли 2019 ҳамчун як иттиҳодияи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои кӯмак расонидан ба корфармоён ва коргарони хориҷӣ дар масъалаҳои шуғл ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин рушди ин намуди хидмат дар бозор ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират таъсис дода шудааст.
Мақсадҳои Иттиходия:
- Ташкили шароит барои таъмини қонунӣ гардонидани фаолияти муҳоҷирон дар Федератсияи Россия, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград;
- Рушд ва такмил дар соҳаи хадамоти муҳоҷират;
- Мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатӣ;
- Таъмини назорат оиди риояи меъёрҳо ва талаботи фаъолияти меҳнатии коргарони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия;
- Мусоидат ба беҳбудии иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ.
Рисолати иттиҳодия
Рисолати Иттиходия аз байн бурдани мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, кам кардани норасогиҳо ва баланд бардоштани манфиатҳои истифодаи қувваи корӣ дар Федератсияи Русия мебошад.
Самтҳои фаъолият
- Расонидани кӯмак, ташвиқ ва мадади чорияви ба ташкилотҳо
- Таъмини хизматрасониҳои босифати муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ
- Кӯмак ба корфармоён дар ҷустуҷӯи шаҳрвандони хориҷӣ
- Фаъолияти таълимӣ ва илмӣ